Текст страницы
TGK
1 И Т Т И Л О О Т Д А Р Б О Р А И Я Х Ч О Л
2 К О Р Б У Р Д И Я Х Ч О Л
1.1 Чуноне ки дар тасвири 1 дида мешавад, яхчол барои
ҳадафҳои зерин сохта шуда аст: барои ях задани маҳсулоти тоза;
барои нигаҳдории тулонимуддати маҳсулоти яхкардашуда ва
барои омода кардани яхи хӯрокӣ дар қисми яхсоз (аз ин пас –
ҚЯ); барои хунук кардан ва нигоҳдории кутоҳмуддати маҳсулоти
тоза, нӯшиданиҳо, сабзиҷот ва меваҳо дар қисми нигаҳдории
сабзиҷотҳои тоза (Қисми сардсоз – ҚС).
1.2 Яхчол дорои фармони «Суперяхсозӣ» («super»).
1.3 Барои рӯшан кардани дохили яхчол чароғҳои диодӣ ба
он насб шуда аст. (Нигаред ба тасвири 1).
1.4 Фазои умумии қобили истифода аз яхдон аз рӯи андозае,
ки дар тасвири 2 нишон дода шуда аст, бо миллиметр муаяйн
карда мешавад. Ҳадди аксари боз шудани дари яхчол то андозаи
кунҷи – 1100 пешбинӣ шуда аст. Барои пешгирӣ аз шикаста-
ни дари яхчол бо фишор боз кардани он бештар аз андозаи
кунҷи 1100 МАМНУЪ аст.
1.5 Яхчолро бояд дар чорчуби диапазони ҳарорати мувофиқ
бо навъи иқлими нишондодашуда дар ҷадвали он (ба ҷадвали 1
нигаред), истифода кард. Навъҳои иқлими созгор бо яхчол дар
ҷадвали ҚС нишон дода шуда аст.
2.1 ТАХТАИ ФАРМОНҲО
2.1.1 Бар рӯи тахтаи фармонҳо тугмачаҳо ва нишонгарҳои
нурӣ насб шуда аст (ба тасвирҳои 1 ва 3 нигаред). Барои дастрасӣ
ба тахтаи фармонҳо, дари ҚЯ бояд боз карда шавад.
МАМНУЪ ҳангоми фишор додан ба тугмачаҳо ба кор бур-
дани ашёи хориҷӣ ва фишори беш аз ҳад мамнуъ аст, то инки
тугмаҳо нашканад ва сатҳи болои он харобу зишт нашавад.
2.2 ТАРЗИ РӮШАН КАРДАНИ ЯХЧОЛ
2.2.1 Барои ба кор андохтани яхчол бояд шохаки сими онро
ба пириз (розетка) гузоред ва ба барқ васл кунед. Дар тахтаи
фармонҳо нишонгари ҳарорати ҚС рӯшан мешавад, ки қабл аз
хомуш кардани он танзим шуда буд. (Вақте нахустин бор рушан
карда мешавад, ҳарорати он «4» дараҷа танзим шуда аст). Дар
сурати зарурат, ҳароратро тибқи ончи ки дар шумораи 2.3.1
нивишта шуда аст, танзим кунед.
ТАВАҶҶУҲ! Таваққуфи ҷараёни барқ ба раванди кори
яхчол таъсир намекунад. Пас аз барқарории ҷараёни барқ
яхдон тибқи ҳамон танзимоте, ки пештар барои ҳарорати
дохили қисмҳои яхчол дуруст карда шуда буд, корашро
идома медиҳад. Дар сурати зарурат метавон фармони
«Суперяхсозӣ»-ро дубора ба кор андохт.
пояи ақабӣ
тахтаи фармонҳо
I
рафи шишаӣ
дар ҚЯ
653
қуттӣ
чароғакҳои диодӣ
рафи шишаӣ
II
раф бо танзимгари
рутубат
1175±5
қуттӣ
(поёнӣ)
зарф (барои
сабзиҷот ва мева)
1100
поккунак
пояи ақабӣ
808 min
Тасвири 2 – Яхчол (намо аз боло)
Ҷадвали 1 – Навъҳои иқлим
тухмодон
Навъ
Аломат
Диапазони ҳарорати
муҳит, 0С
Ғайримуътадил
SN
Аз 10 то 32
I – қисми яхсоз (ҚЯ);
II – қисми нигоҳдории маҳсулоти тарутоза (ҚС)
Мӯътадил
N
Аз 16 то 32
Субтропикӣ
ST
Аз 16 то 38
Тасвири 1 – Яхчол ва аҷзои ташкилдиҳандаи он
Тропикӣ
T
Аз 16 то 43
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является
15