Текст страницы
TGK
нишонгари фармони
«Суперяхсозӣ»
нишонгари фармони
«Суперсардсозии ҚС»
нишонгари ҳарорати
дохили ҚЯ
нишонгари ҳарорати
дохили ҚС
тугмаи интихоби
ҳарорати дохили ҚС
тугмаи рӯшан/
хомӯш кардани ҚС
тугмаи рӯшан/хомӯш
кардани ҚЯ
тугмаи интихоби
ҳарорати
дохили ҚЯ
тугмаи фармони
«Суперяхсозӣ»
тугмаи фармони
«Суперсардсозии ҚС»
Тасвири 3 – Тахтаи фармонҳо
2 Т А Н З И М И Ф А Р М О Н Ҳ О И Я Х Ч О Л
2.1 ТАХТАИ ФАРМОНҲО
2.1.1 Дар тахтаи фармонҳои яхчол (ба тасвирҳои 1 ва 3 нигаред) тугмачаҳо ва нишонгарҳои нурӣ ҷойгир аст.
Барои дастрасӣ ба тахтаи фармонҳо бояд дари ҚС боз карда шавад.
ТАВАҶҶУҲ: ҳангоми фишор додан ба тугмаҳо ба кор бурдани ашёи хориҷӣ ва фишори беш аз ҳад мамнуъ аст,
то инки тугмаҳо нашканад ва сатҳи болои он харобу зишт нашавад.
2.2 БА КОР АНДОХТАНИ ЯХЧОЛ
2.2.1 Барои ба кор андохтани яхчол бояд шохаки сими онро ба пириз (розетка) гузоред ва ба барқ васл кунед.
2.3 РӮШАН/ХОМӮШ КАРАНИ ҚИСМҲО
2.3.1 Боз кардани дари ҚС.
Барои ба кор андохтани ҚС ва ҚЯ тугмаи фармони мавриди назар бояд фишор дода ва то 5 сония нигоҳ дошта
шавад. Бар рӯи тахтаи фармонҳо нишонгарҳои ҳарорати дохили қисмҳо рӯшан мешавад, ки то лаҳзаи хомӯш кардани
яхчол танзим шуда буд. (Ҳангоме, ки нахустин бор ба кор андохта мешавад, ҳарорати дохили ҚС – нишонгари «4»,
ва ҳарорати дохили ҚЯ – нишонгари «минус 18»-ро нишон медиҳад).
Бастани дари ҚС.
ТАВАҶҶУҲ! Қатъи ҷараёни барқ ба раванди кори баъдии яхдон таъсир намекунад. Пас аз иттисоли ду-
бораи барқ, яхчол корашро бо ҳарорати пештар танзимшуда идома медиҳад. Дар сурати зарурат, фармони
«Суперсардсозии ҚС» ва «Суперяхсозӣ» бояд дубора рӯшан карда шавад.
2.3.2 Барои хомӯш кардани қисмҳои яхчол бояд тугмаи фармони
марбут ба он фишор дода ва то 5 сония нигоҳ
дошта шавад. Бар рӯи тахтаи фармонҳо ҳамаи нишонгарҳои қисми хомӯшшавандаи яхчол хомӯш мешавад. Пас аз
хомӯш кардани ҚС рӯшноии дохили он ҳам хомӯш мешавад.
2.4 ТАНЗИМИ ҲАРОРАТИ ДОХИЛИ ҚИСМҲО
2.4.1 Ҳарорати дохили ҳар як қисми яхчол аз тариқи фишори кӯтоҳ бар рӯи тугмаи «0С» қисми мавриди назар
танзим карда мешавад. Пас аз он, ба навбаи худ нишонгарҳо бо аломатҳои рақамии ҳарорат рушан мешавад. Ба
тасвири 3 нигаред.
2.4.2 Дар ҳар қисми яхчол танзими мизони ҳарорат ба шакли зерин имконпазир аст:
– дар ҚС аз плюс 2 0С то плюс 8 0С дараҷа болои сифр;
– дар ҚЯ аз минус 16 0С то минус 24 0С дараҷа зери сифр;
То ба вуҷуд омадани ҳарорати интихобшуда барои дохили қисмҳои яхчол каме вақт зарур аст. Махсусан вақте
ки нахустин бор яхчол ба кор андохта мешавад ва ҳамчунин пас аз пок кардани яхчол.
2.5 НИШОНАИ ҲАРОРАТИ БАЛАНДИ БЕШ АЗ ҲАД ДАР ҚЯ
2.5.1 ҚЯ нишонаи ҳарорати беш аз ҳад баланд дорад. Агар ҳарорат дар ҚЯ беш аз ҳад зиёд шавад, нишонгари
ҳарорати интихобшуда ба чашмакзанӣ шуруъ мекунад. (Масалан, ҳангоми ба миқдори зиёд гузоштани маҳсулоти
тарутоза). Ҳамчунин вақте ки аввалин бор яхчол ба кор андохта мешавад ё пас аз пок кардани дохили он яхчол
рушан мешавад.
Рушан шудани нишонгари ҳарорати беш аз ҳад ба муддати кутоҳ, (Масалан, дар ҳолати боз нигоҳ доштани ҚЯ ба
муддати тӯлонӣ) аломати нодуруст кор кардани яхдон нест.Пас аз барқарор шудани ҳарорати дохили ҚЯ, чашмакзанӣ
худбахуд таваққуф мекунад.
Агар чашмакзании нишонгари ҳарорат ба муддати тӯлонӣ идома ёбад, бояд вазъи маҳсулоти дохили он санҷида
ва механики хадамотӣ барои озмоиш даъват шавад.
2.6 РӮШАН/ХОМУШ КАРДАНИ ФАРМОНИ «СУПЕРСАРДСОЗИИ ҚС» («super cool» –
)
2.6.1 Тавсия мешавад, ки ин фармон дар сурати хунуксозии сареъи нӯшобаҳо ё гузоштани миқдори зиёди
маҳсулоти тарутоза дар ҚС, ба кор бурда шавад. Пас аз рӯшан кардани ин фармон, ҳарорати дохили ҚС то ҳадди
поёни имконпазир кам мешавад, то инки маҳсулот зуд хунук шавад.
2.6.2 Барои ба кор андохтани фармони «Суперсардсозӣ» ба тугмаи «super cool» фишор оварда шавад ва пас
аз он нишонгари
, рӯшан ва нишонгарҳои боқимондаи ҚС хомуш мешавад.
2.6.3 Ин фармонро метавон бо дубора ангушт задан бар рӯи тугмаи «super cool» хомуш кард ё инки нишон-
гари
пас аз 6 соат худбахуд хомуш мешавад.
2.7 РӮШАН/ХОМУШ КАРДАНИ ФАРМОНИ «СУПЕРЯХСОЗӢ» («super freeze»
)
2.7.1 Барои ба кор андохтани фармони «Суперяхсозӣ» ба тугмаи «super freeze» фишор оварда шавад ва пас аз
он нишонгари
рӯшан ва нишонгарҳои боқимондаи ҚЯ хомуш мешавад.
27
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является