Инструкция холодильник с морозильником ATLANT ХМ-6624-109

Страница 28 (стр. 28 из 35)

Бренд: ATLANT

Страница 28 документа Холодильник с морозильником ATLANT ХМ-6624-109. Раздел: Холодильники. Бренд: ATLANT.

Текст страницы

TGK

2.7.2 Ин фармонро метавон бо дубора ангушт задан бар руи тугмаи «super freeze» хомуш кард ё инки ни-
шонгари
пас аз (55±5) соат худбахуд хомуш мешавад.
2.8 НАҚСҲОИ ЭҲТИМОЛӢ ДАР КОРИ ЯХЧОЛ
2.8.1 Агар дар тахтаи фармонҳо нишонгари
ва «2» ё нишонгари
ва «минус 24» ба муддати тӯлонӣ
рушан истад, бояд таъмиркор барои рафъи ин нақс даъват шавад.
2.8.2 Агар чашмакзании нишонгари ҳарорат ба муддати тӯлонӣ идома ёбад, бояд вазъи маҳсулоти дохили он
санҷида ва механики хадамотӣ барои озмоиш даъват шавад.
2.9 ТАРЗИ ХОМУШ КАРДАНИ ЯХЧОЛ
2.9.1 Пас аз хомуш кардани қисмҳои яхчол бояд он аз ҷараёни барқ ҷудо шавад ва шохаки сими он аз пириз
(розетка) берун кашида шавад.

3 Т А Р З И И С Т И Ф О Д А А З Я Х Ч О Л

3.1 ТАРЗИ ИСТИФОДАИ ҚС
ТАВАҶҶУҲ! Маҳсулотро наздики дастгоҳи ҳисгари ҳарорат, ки дар девораи канори рости ҚС қарор
дорад, нагузоред. Ба тасвири 4 нигаред.
3.1.1 Зерпоя барои бутриҳо (ба тасвири 1 нигаред), ки барои гузоштани бутриҳои нӯшобаҳо дар назар гирифта
шудааст, имкони истифодаи маъқул аз фазои дохили ҚС-ро дар ихтиёри мо мегузорад. Бутриҳо бояд ба тарзе чида
шавад, ки ба девораи ақабии ҚС нарасад.
Тавсия мешавад зерпоя барои бутриҳоро дар рафи шишаии дувуми болоӣ насб карда шавад. Зеро ки дар онҷо
нӯшобаҳо то муносибтарин ҳарорат хунук мешавад.
3.1.2 Зарфи овезон (ба тасвири 5 нигаред) барои гузоштани маҳсулоте ба монанди калбасаву панир ва ғайра
дар назар гирифта шудааст. Ин зарф ба зери рафи шишаӣ бо чархакҳои махсус насб шудааст ва метавонад ба самти
пеш ва ақаб ҳаракат кунад. Барои гузоштани маҳсулот, зарфро бояд то иттикояш ба тарафи худ кашид.
Дар сурати насби ин зарф ба рафи шишаии дигар, он бояд боло бардошта шавад ва аз чархакҳояш берун овар-
даву то иттикояш ба тарафи худ кашида шавад.
Пасон чархакҳо ба тарзи зер ҷудо карда шавад:
– қисми ақаби чархакҳоро ба боло бармедоред ва онро аз баданаи рафи шишаӣ ҷудо мекунед;
– қисми ақаби онро поён мекунед ва чархакҳоро ба самти худ мекашед ва ҳамзамон қисми пешро аз занҷир
ҷудо мекунед.
Насби зарф ва чархакҳо ба рафи шишаии дилхоҳ ба тартиби баръакси ҷудо кардани он аст.
3.1.3 Зарф (барои сабзиҷоту меваҳо) ҷудосоз дорад (ба тасвири 6 нигаред), ки аз рӯи шикофи ҷиҳатдор дар яке
аз се ҳолат насб карда мешавад.
Агар зарурати берун овардани зарф аз ҚС ё иваз кардани ҷои ҷудосоз пеш ояд, бояд:
– дарро то иттикояш боз кунед, қуттии поёнии дарро бигиред ва зарфро берун оваред;
– пасон ҷудосозро аз зарф берун кашед, онро ба ҷои нав аз рӯи шикофи ҷиҳатдор насб кунед ва ба тарафи пеш
то иттикояш фишор диҳед.
3.1.4 Барои гузоштан ва гирифтани маҳсулот дар зарфи қисми маҳсулоти тарутоза (агар мавҷуд бошад), онро
бояд то иттикояш ба самти худ кашид.
Барои истифодаи роҳаттар, зарф бар рӯи чархакҳои ҷиҳатдор ҳаракат мекунад.
Агар зарурати гирифтани зарф аз ҚС пеш ояд, тавсия мешавад, ки нахуст онро то иттикояшо батарафи худ кашед,
пасон ба боло бардоред, аз сатҳи канорӣ ва қисми пеши он бигиред ва чархакҳои зарфро аз ҷиҳатнамоҳои ҳар ду
тараф раҳо кунед. Барои насби дубораи зарф ба яхчол, чархакҳои зарфро (аз ҳар ду тараф) бояд ба рӯи ҷиҳатнамоҳо
гузоред, онро ба боло бардоред ва самти пеш ҳаракат диҳед.
3.1.5 Маҳдудкунанда барои бутриҳо аз уфтодани онҳо ҳангоми боз кардан ва бастани дари яхчол пешгирӣ ме-
кунад. Маҳдудкунанд метавонад бар руи девораи зарф ҳаракат кунад (ба тасвири 7 нигаред).
3.2 ТАРЗИ ИСТИФОДАИ ҚЯ
3.2.1 Сабадҳои ҚЯ дар қисми пеши худ дастак дорад, ки гузоштану гирифтани маҳсулотро осон мекунад. Ҳамчунин,
дар сатҳи канории сабадҳо (ғайр аз сабади поёнӣ) дастак вуҷуд дорад. Ин дастакҳо барои ҳамли сабад хориҷ аз яхчол
сохта шуда аст. (ба тасвири 8 нигаред).
3.2.2 Пораҳои хурди гушту пелменҳо ва чизҳои ба ин монандро тавсия мешавад дар зарфи овезон, ки барои ях
занонидани чизҳои хурд аст, гузоред. (ба тасвири 1 нигаред). Пас ях занонидани маҳсулот, онҳоро бастабандӣ кунед
ва барои нигоҳдорӣ ба дохили сабади ҚЯ гузоред.

ҳисгари ҳарорати
дохили ҚС
маҳдудкунанда
барои бутриҳо
ҷудосоз

чархакҳо

зарфи овезон

Тасвири 4
Тасвири 5
Тасвири 6
Тасвири 7

28

Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является

Бытовая техника / Техника для кухни / Холодильное оборудование / Холодильники

Aceline В37ВHR

32 стр.
Бытовая техника / Техника для кухни / Холодильное оборудование / Холодильники

Aceline В37ВHR

32 стр.