Текст страницы
542
Тоҷикӣ
-
Истифодаи чӯткаро ҳангоми сараки кӯфта ё хамидашуда будан, қатъ
кунед. Сараки чӯткаро ҳар 3 моҳ ё зудтар иваз кунед, агар нишонаҳои
фарсудашавӣ пайдо шаванд.
-
Аз тамоси мустақим бо маҳсулоте, ки дорои равғанҳои эфирӣ ё
равғани кокос мебошанд, худдорӣ намоед. Тамос метавонад боиси
канда шудани мӯйякҳои чӯтка гардад.
ОГОҲИҲОИ ТИББӢ
-
Агар пас аз истифода хунравии аз ҳад зиёд рух диҳад, агар хунравӣ пас
аз 1 ҳафтаи истифода идома ёбад ё агар Шумо нороҳатӣ ва дард ҳис
кунед, истифодаи дастгоҳро қатъ кунед ва ба духтури дандон муроҷиат
кунед.
-
Агар Шумо дар давоми 2 моҳи пеш ҷарроҳии даҳон ё милки дандон
дошта бошед, пеш аз истифодаи ин асбоб бо духтури дандон
машварат кунед.
-
Агар Шумо кардиостимулятор ё дигар дастгоҳи имплантатсияшуда
дошта бошед, пеш аз истифода ба духтур ё истеҳсолкунандаи дастгоҳи
имплантатсияшуда муроҷиат кунед.
-
Агар Шумо нигарониҳои тиббӣ дошта бошед, пеш аз истифодаи ин
дастгоҳ бо духтур маслиҳат кунед.
-
Дастгоҳи мазкур дастгоҳи нигоҳубини шахсӣ аст ва барои истифода
дар беморони сершумор дар амалияи духтури дандон ё муассиса
пешбинӣ нашудааст.
ДАСТУРҲО ОИД БА БЕХАТАРИИ БАТАРЕЯ
-
Танҳо бо ёрии адаптерҳои Philips WAA1001, WAA2001 ё ки адаптерҳои
барои таъмини амният тасдиқгардида, бо номиналҳои воридотии
(100–240V~; 50/60Hz; 3,5W) ва номиналҳои баромадии (5V ҷараёни
доимӣ; 2,5W) пур кунед. Барои рӯйхати адаптерҳо, лутфан нигаред ба
www.philips.com/support
-
Дастгоҳи мазкур дорои батареяҳои ивазшаванда мебошад, ки
метавонанд танҳо бо мутахассисон иваз карда шаванд.
-
Маҳсулро дар ҳарорати байни 32 °F / 0 °C ва 104 °F / 40 °C бо қувва пур
карда, истифода баред.
-
Маҳсулотро танҳо мувофиқи мақсад истифода баред. Пеш аз
истифодаи маҳсулот, батареяҳо ва замимаҳои он, ин маълумотро
бодиққат мутолиа кунед ва онро барои истинод дар оянда нигоҳ
доред. Истифодаи нодуруст метавонад ба хатарҳо ё ҷароҳатҳои ҷиддӣ
оварда расонад. Лавозимоти таъминшаванда барои маҳсулоти
гуногун фарқ мекунад.
-
Танҳо лавозимоти ва маводи масрафии аслии Philips-ро истифода
баред.